Контакты

Pamirenergy.com


ҶСК «Помир Энерҷӣ» ягона ширкати энергетики дар Тоҷикистон аст, ки дар шакли ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, дар асоси Шартномаи консессионӣ амал менамояд. Мақсади асосии таъсис додани ширкат ин таъмин намудани талаботи аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи барқ ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва иҷтмоии ин вилоят мебошад. Ширкати «Помир Энерҷӣ» моҳи декабри соли 2002 дар натиҷаи имзои Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ташкил ёфт. Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Ширкат дар асоси лоиҳаи хусусӣ ташкил шудааст.



Суроға
ш. Хоруғ, кӯчаи Гулмамадов 75
Телефон
+992 (3522) 22810
E-mail
info@pamirenergy.com
Соатҳои корӣ
Душанбе – Ҷумъа: аз 8:00 то 17:00
загрузка карты...
Савол диҳед

Менеҷерони ширкат бо хурсандӣ ба саволҳои шумо ҷавоб дода, арзиши хизматрасониҳоро ҳисоб мекунанд ва пешниҳоди тиҷорати инфиродӣ омода месозанд.

* - Майдонҳои талабшаванда